Бидон аввал ки то чун гашти мавҷӯд

Каз ӯ инсони комили гашти мавлуд

Дар атвори ҷамодӣ буд пайдо

Пас аз рӯҳи изофии гашти доно

Пас онгаҳ ҷунбишӣ кард ӯ зи қудрат

Пас аз вай шуд зи ҳақи соҳиби иродат

Ба тифлӣ кард бози эҳсоси олам

Дар ӯ билфеъл шуд васвоси олам

Чу ҷзўёт шуд бар ваии мураттаб

Ба куллиёти раҳи барад аз мураккаб

Ғазаб шуд андар ӯ пайдоу шаҳват

Ваз эшон хост бухлу ҳирсу нихват

Ба феъл омад сифатҳои змимаҳ

Бтар шуд аз даду деву бҳимаҳ

Таназзулро буд ин нуқтаи асфал

Ки шуд бо нуқтаи ваҳдати муқобил

Шуд аз афъол , касрат бе ниҳоят

Муқобили гашт аз ин рӯ бо бдоит

Агар гардад муқайяди андари ин дом

Ба гумроҳӣ буд камтари зи анъом

Вагар нурӣ расад аз олами ҷон

зи файзи ҷазба ё аз акси бурҳон

Дилаш бо нури ҳақ ҳамроз гардад

Аз он роҳӣ ки омад боз гардад

зи ҷазба ё зи бурҳони яқинӣ

Раҳе ёбад ба имони яқинӣ

Кунад як раҷъат аз сҷини Фҷор

Рухи оради сӯии алӣин Аброр

Ба тавба муттасиф гардад дар он дам

Шавад дар астФои зи авлоди одам

зи афъол накӯҳида шавад пок

Чу Идрӣс набӣ ояд бар афлок

Чу ёбад аз сифоти бади наҷотӣ

Шавад чун Нӯҳ аз он соҳиби саботӣ

Намонад қудрати ҷузвяш дар кул

Халил осо шавад соҳиби таваккул

Иродат бо ризоӣ ҳақ шавад зм

Равад чун Мӯсои андари боби аъзам

зи илм хештан ёбад рҳоӣӣ

Чу исо набӣ гардад смоӣӣ

Диҳад якбора ҳастиро ба тороҷ

Даройад аз паии Аҳмад ба миъроҷ

Расад чун нуқтаи охир ба аввал

Дар онҷо на малик гунҷад на мурсал