Набувватро зуҳӯр аз одам омад

Камолаш дар вуҷӯд хотам омад

Вилоят буд боқӣ то сафар кард

Чу нуқта дар ҷаҳони даврӣ дигар кард

Зуҳӯри кул ӯ бошад ба хотам

Бадв гардад тамомии даври олам

Вуҷӯди авлиё ӯро чу узванд

Ки ӯ куласт ва эшон ҳамчу ҷузванд

Чу ӯ аз хоҷа ёбад нисбати том

Аз ӯ бо зоҳир ояд раҳмати ом

Шавад ӯ муқтадоӣ ҳар ду олам

Халифа гардад аз авлоди одам