Усӯли халқ нек омад адолат
Пас аз ваии ҳикмату иффати шуҷоат
Ҳакимии рост гуфторасту кирдор
Касе кӯ муттасиф гардад бад-ӣни чор
Ба ҳикмат бошадаш ҷону дили огаҳ
На грбз бошад ва на низ аблаҳ
Ба иффати шаҳват худ карда мастур
Шара ҳамчун хумуд аз вай шудаи давр
Шуҷоъу софӣ аз злу такаббур
Мубарро зотш аз ҷубну таҳаввур
Адолат чун шиори зот ӯ шуд
Надорад зулм аз он халқаш накӯ шуд
Ҳамаи ахлоқи некӯ дар миёна аст
Ки аз ифроту тафриташ карона аст
Миёна чун сирот мустақӣм аст
з ҳар ду ҷонибаши қаър ҷҳим аст
Ба борикӣу тезии мӯӣу шамшер
На рӯй гаштан ва бӯдан бар ӯ дайр
Адолат чун яке дорад зи аздод
Ҳаме ҳафт омад ин аздоди зи аъдод
Ба зер ҳар адад сиррӣ наҳуфт аст
Аз он дарҳои дӯзах низ ҳафт аст
Чунон каз зулм шуд дӯзахи муҳайё
Биҳишт омад ҳамеша адлро ҷо
Ҷазои адл , нур ва раҳмат омад
Сазои зулм , лаън ва зулмат омад
Зуҳӯри некуӣ дар эътидол аст
Адолати ҷисмро ақсо камол аст
Мураккаб чун шавад монанди як чиз
зи аҷзо давр гардад феълу тмииз
Басити алзотро монанд гардад
Миёни ин ва он пайванд гардад
На пайвандӣ ки аз таркиб аҷзост
Ки рӯҳ аз васф ҷисмят мубаррост
Чу об ва гул шавад якбораи софӣ
Расад аз ҳақи бадви рӯҳи изофӣ
Чу ёбад тсўити аҷзои арқон
Дар ӯ гирад фурӯғи олами ҷон
Шуъоъи ҷони сӯии тани вақти таъдил
Чу хуршед ва замин омад ба тамсил