Ҳар он чизе ки дар олам аён аст

Чу аксии зи офтоби он ҷаҳон аст

Ҷаҳон чун зулфу хату хол ва абрӯаст

Ки ҳар чизе ба ҷой хеш некӯаст

Таҷаллии гуҳи ҷамолу гуҳ ҷалол аст

Руху зулфи он маъониро мисол аст

Сифоти ҳақи таъолии лутф ва қаҳр аст

Руху зулф батонро зон ду баҳр аст

Чу маҳсус омад ин алфози мсмўъ

Нахуст аз баҳр маҳсусаст мавзӯ

Надорад олами маънии ниҳоят

Куҷо бинад мар ӯро лафзи ғоят

Ҳар он маънӣ ки шуд аз завқи пайдо

Куҷои таъбир лафзӣ ёбад ӯ ро

Чу аҳл дил кунад тафсири маънӣ

Ба монандӣ кунад таъбири маънӣ

Ки маҳсусот аз он олам чу соя аст

Ки ин чун Тифл ва он монанди доя аст

Ба назд ман худ алфози мأўл

Бар он маънӣ фитод аз вазъи аввал

Ба маҳсусоти хос аз урф ом аст

Чаҳ донад оми кони маънӣ кадом аст

Назар чун дар ҷаҳон ақл карданд

Аз онҷои лафзҳоро нақл карданд

Таносубро риоят кард оқил

Чу сӯии лафзи маънии гашти нозил

Вале ташбеҳ куллӣ нест мумкин

зи ҷусту ҷӯй он мебош сокин

Бад-ӣни маънӣ касеро бар ту диқ нест

Ки соҳиби мазҳаби ӣнҷои ғайр ҳақ нест

Вале то бо худии зинҳори зинҳор

Ибороти шариъатро нигаҳи дор

Ки рухсати аҳли дилро дар се ҳол аст

Фаноу скр ва он дигар даллол аст

Ҳар он каси кӯи шиносади ин се ҳолат

Бидонади вазъи алфозу далолат

Туро гар нест аҳвол маввоҷед

Машав кофари зи нодонӣ ба тақлид

Маҷозӣ нест аҳволи ҳақиқат

На ҳар кас ёбад асрори тариқат

Газоф эй дӯст ноед зи аҳли таҳқиқ

Мари инро кашф бояд ё ки тасдиқ

Бигуфтам вазъи алфозу маъонӣ

Туро сарбастагар хоҳии бадоне

Назар кун дар маъонии сӯии ғоят

Лавозимро якояк кун риоят

Ба ваҷҳи хос аз он ташбеҳ ме кун

зи дигари ваҷҳҳо тнзиаҳ ме кун

Чу шуд ин қоидаи як сари муқарар

Намоям зон мисолӣ чанд дигар