Агар хоҳӣ ки бинии чашмаи хур
Туро ҳоҷат фитад бо ҷурми дигар
Чу чашм сар надорад тоқати тоб
Тавон хуршед тобон дид дар об
Аз ӯ чун равшании камтари намояд
Дар идроки ту ҳоле ме фазояд
Адам ойӣна ҳастӣаст мутлақ
Каз ӯ пайдост акси тобиши ҳақ
Адам чун гашт ҳастиро муқобил
Дар ӯ аксӣ шуд андари ҳоли ҳосил
Шуд он ваҳдат аз ин касрати падедор
Якеро чун шимурдии гашт бисёр
Адад гарчи яке дорад бдоит
Валикин набӯдаш ҳаргизи ниҳоят
Адам дар зоти худ чун буд софӣ
Аз ӯ бо зоҳир омад ганҷи махфӣ
Ҳадис « канти кнзо »ро фурӯ хон
Ки то пайдо бибинӣ сари пинҳон
Адами ойӣна , олами аксу инсон
Чу чашми акс дар ваии шахси пинҳон
Ту чашми аксӣ ва ӯ нур дида аст
Ба дида , дидаеро дида дида аст
Ҷаҳон инсон шуду инсони ҷаҳонӣ
Аз ин покиза тар набӯд беоне
Чу некӯи бенгарӣ дар асли ин кор
Ҳам ӯ бинанда , ҳам дидаасту дидор
Ҳадиси қудсии ин маънӣ баён кард
Ва беисмъ ва беибср аён кард
Ҷаҳонро сар ба сари ойӣнае дон
Ба ҳар як зарра дар сад меҳри тобон
Агар як қатраро дил бар шикофӣ
Бурун ояд аз он сад баҳри софӣ
Ба ҳар ҷузвии зи хок ар бенгарӣ рост
Ҳазорон одами андар вай ҳувайдост
Ба аъзои пашшае ҳам чанд фил аст
Дар асмои қатрае монанди нил аст
Дил ҳар ҳубае сад хирман омад
Ҷаҳонӣ дар дили як арзан омад
Ба пари пашшае дар ҷои ҷонӣ
Даруни нуқтаи чашми осмонӣ
Бидон хурдӣ ки омад ҳубаи дил
Худованди ду олами рости манзил
Дар ӯ дар ҷамъ гашта ҳар ду олам
Гуҳӣ Иблис гардад гоҳи одам
Бибин олами баҳам дар ҳам сиришта
Малик дар деву шайтон дар фиришта
Ҳама бо ҳам ба ҳам чун дона ва бар
зи кофари муъмину муъмини зи кофар
Ба ҳам ҷамъи омада дар нуқтаи ҳол
Ҳамаи даври замони рӯзу мау сол
Азали айн абад афтод бо ҳам
Нузули исоу эҷоди одам
з ҳар як нуқтаи зини даври мусалсал
Ҳазорон шакл мегардад мушкил
з ҳар як нуқта даврӣ гашта доир
Ҳам ӯ маркази ҳам ӯ дар даври соир
Агар як зарраро баргирӣ аз ҷой
Халал ёбад ҳамаи олами саропоӣ
Ҳамаи саргашта ва як ҷузв аз эшон
Бурун наниҳода пой аз ҳади имкон
Тааюн ҳар якеро карда маҳбӯс
Ба ҷузвяти з куллӣ гашта маъюс
Ту гӯйии доимо дар сайр ва ҳабсанд
Ки пайвастаи миёни халъу лбснд
Ҳама дар ҷунбишу доим дар ором
На оғози яке пайдо на анҷом
Ҳама аз зоти худ пайвастаи огоҳ
Вази онҷои роҳи барда то ба даргоҳ
Ба зери парда ҳар зарраи пинҳон
Ҷамоли ҷонФзоӣ рӯй ҷонон