Чу май хоҳии бадонеи нафасу шайтон

Ту шайтони куфри нафаси хеш май дон

Агар нафаси ту амморааст шайтон

Чу ливома шавад гардад мусулмон

Чу бошад тунд амморааст номаш

Буд ливома чун карданд ромиш

На охир Мустафо гуфта чунин аст

Ки бо ҳар нафаси як шайтон қаринаст

Марои ҳам буд андари нафаси шайтон

Валикин шуд ба дасти ман мусулмон

зи тугар ақлу донои пазирад

Кунад тарки бадӣ тақво бигирад

Пас онкӣ чун намонад ҳеҷ корӣ

Бигирад андари он манзили қарорӣ

Расад андари мақоми мулҳамаи нафас

Биёбад ақли давр аз воҳимаи нафас

Дар он манзил ки ҳосили гашти комаш

Ба маънии мутмаинаи гашти номаш

Чу нафаст мутмаина шуд ба имон

Бадви пайванди вонгаҳи рӯ ба аиқон

Ҳаётӣ бошад онҷои ҷовдонӣ

Чунинаст эй писари мавлуди сонӣ

Раҳо гардад дар аиқони лаҳву лаъибаш

Нидоӣ арҷъӣ ояд зи рабаш

Бидон рои руҷӯъи он рой рӯҳ аст

Чу дарёбӣ ба ҷону дил футуҳ аст

Маъонии бас азизаст ва рақиқ аст

Тафаккур бештар кун чун дақиқ аст

Агар ҳоле ндонӣ ин маъонӣ

Таваққуфи дори ҳам рӯзии бадоне