Ндонӣ чист таҳқиқи тарозу
Ки май синҷиди амал бедасту бозу
Бигӯям бо ту як як сари мизон
Вале бишинав ба шакл бе тамизон
Ту пиндории тарозуии қиёмат
Чунин бошад ки дар дунёи тамомат
Буд шоҳини он ақл эй бародар
Ки пайдо мекунад ҳам хайр ва ҳам шар
Буд як каффааш дунёу кирдор
Дигар кафш буд уқбоу миқдор
Агар бошад туро кирдори некӯ
Муқобили бошиддати миқдори некӯ
Агар бошад сабки мизон ба дунё
Ба тоъат кӣ ҷазои ёбӣ ба уқбо
зи касгар ту биринҷии ваз ту ранҷанд
Бисӯзӣ чун амалҳои ту санҷанд
Ҳар он чизе ки дар он кор ту бошад
Яқин дар пилаи бор ту бошад
Агар бо хеши некӣ нек ме бош
Чу хоҳии кишти тухми нек май пош
Ки то аз яке ҳафтсад бирӯяд
Вагар бад коштӣ ҳам бад бирӯяд
Баёни ин з ман бишинав ба таҳқиқ
Ки сидқаст ин сухани наздики садиқ
Миёни хайру шари ҷузи ақли ҳушёр
Ки донад фарқ кард андари ҳамаи кор
Ҳамаи кори накӯ аз ақл май дон
Чу набӯд ақл кам бошад зи ҳайвон
Ҳар он чизе ки бошад сахти душвор
Ба мизон хирад санҷанд ҳамвор
Баёни сӯрату маънии мизон
Бигуфтам ҳон ҳаминаст эй азизон