Дидани вгФтну навиштани ҳол

Ҳамчу илмасту қудрату афъол

Ҳар яке зон бар он дигар афзӯн

Нашавад ҳечгуна дигргўн

Ончӣ бинад назар ба як дами ҳол

Нанависад қалам ба панҷаи сол

Боз натавон навишт дар як дам

Ончӣ ояд ба солҳо зи қадам

Худ забону қалам сафир диланд

Манеҳӣу ҳоҷиб ва вазир диланд

Шоҳ чун бар сарир ноз нишаст

эй басои пешрав ки боз нишаст

Ҳоҷибон дар раҳ арча пеш дуанд

Дар манозили биҷои хеши раванд

Орифони дидаро қадам карданд

Пас забонро аз он қалам карданд

Марди тавҳидро вуҷӯду адам

Ҳар ду бо ҳам буд ба гуфту қадам

Нафйу исботи сангу оҳани тест

Сабаби нури шамъи равшани тест

То ба миқрози лонбрии боз

Сари шамъи ҳақиқатии змҷоз

Шуълаи шамъи дайни ниФзоид

Бо ҳақиқати муҷоз кӣ поед

Нарисӣ дар мақоми ваҳдату ҷамъ

То нагардӣ ту як забона чу шамъ

Нури тавҳид чун аён гардад

Худ саропои ту баён гардад

Сару пои ту эй писандида

Ҳама гардад чу қурси хури дида