Сӯрати ваҳдат аз ҷаҳони мисол

Нуқтаи ​ои басти нақши банди хаёл

Нуқта монанди шуълаи акси андохт

Ваҳмаш аз давр сӯратӣ барсохт

Боз чун доира муҷассам шуд

Караи шакли чарх аъзам шуд

Ъкс​ҳо чун зу ҳам дарҳам шуд

Нақши ҳаждаҳи ҳазор олам шуд

Нуқтау давр доирааст вокр

Ваҳдати зотро чу аксу сувар

Нест ҳеҷ андарин миёни ҷузи ҳақ

Мо ва ҳақ чист бо ҳам эй аҳмақ

Қиссаи ҷисм ва ҷон магӯ бо ӯ

ё ту бошӣ дар ин миён ё ӯ

Муҳаддис онгаҳ ки бо қадим омехт

Нисбати халқу холиқии бгсихт

Ваҳдатии кон ҳамеша бо зот аст

Масқати нисбат ва изофат аст

Раҳнамои ман ва ту аз қуръон

Аз « қул аллоҳи сами зарраам » дон

Ваҳдатаст ин на иттиҳоду ҳулӯл

Ту бурун бар аз ин миёнаи фузул

Ин ҳамаи гуфтугӯӣ тавҳид аст

Роҳи ваҳдат ба тарк ва таҷред аст

Чаҳ кунӣ гуфтугӯии беҳуда

Фарқӣ бошад з гуфта то бӯда

Сухан ваҳдатаст ҳамчуи сароб

Аз сароб эй писар ки шуд сероб ?