Дар қазо нест ҳеҷ зишту накӯ
Ҳон макун нисбати ҳудуси бадв
Куфр ӯ куфр нест имон аст
Манъ ӯ манъ нест эҳсон аст
Бад аз он рӯ казуаст бад набӯд
Пас бади андари вуҷӯд худ набӯд
Зонка ҳастӣ ҳстҳо зон рӯаст
Ҳастӣ бад барои худ некӯаст
Низ изҳори никҳо бад кард
Гар бадӣ кард боз бо худ кард
Бад кунад некии накӯи пайдо
Ки ба зидаст чизҳо пайдо
Чун ба худ нек ва аз худо нек аст
Вонгаҳ аз баҳри никҳо нек аст
Нек ва бад бошад аз қабили сифот
Бениёзаст аз он ҳақиқати зот
Ҳама аз нисбат ва изофат аст
Фии алмисл чун ҷаҳон офот аст
Шари ин хайри он дигар бошад
Шар на дар зоти хеш шар бошад