Ҷоно ба лутфи хеш ба мо як сухан бигӯ
Бо аҳли рози як хабарӣ зон даҳан бигӯ
Зоҳиди зи ишқу меҳнат ӯ нест бо хабар
Ин нуктаро ба ошиқи зор чу ман бигӯ
Бо зоғ ва бо зағани сифати гул на лоиқ аст
Авсофи гул ба булбули ширин сухан бигӯ
Бо перҳан чаҳ ҳоҷати васфи ҳаёту мӯат
Авсофи умру давлати ҷонро ба тан бигӯ
Тундӣ макун ба шоҳидӣ эй муршиди насӯҳ
Бо ӯ ба ҳасану лутфи зи ваҷҳ ҳасан бигӯ