Васфи камоли ҳасани ту вирди давоми мост
Зикри лаби ту лиззати шурби мудоми мост
Мо хоки кӯии дӯст ба ҷинат наме диҳем
Кӯйнигор равзаи доруссаломи мост
эй бод ба кӯйнигорам гузар кунӣ
Рӯ бо сафо ки каъбау байтулҳаром мост
Дар вартаи мушоҳидаи кас чу нест бор
Он ҷой ҳайратаст на ҷоҳи мақоми мост
эй шоҳидии зи мо матлаби рангу ном
Номӯс ва нанг бошаду девонаи номи мост