Дида аз дидан ту бас накунад
Бо лабати дил ба ҷон ҳавас накунад
Гарчи исои дамӣ вале толеъ
Як дамам бо ту ҳам нафас накунад
Ончӣ бо мо рақиб кард зи ҷавр
Ғайри саг бо ғариб кас накунад
Дил бе боки мо дар он хами зулф
Тез тар рафту рӯ ба пас накунад
Ончӣ бо шоҳидии бикради фироқ
Сӯзи оташ ба хор ва хас накунад