Чун дилбарони зи зулфи сияҳ тоб ме диҳанд
Дилро нишони зи сӯрат қуллоб ме диҳанд
Пайкон ба оташи дили ман сурх ме кунанд
Чун сурх шуд ба хӯни ҷигар об ме диҳанд
Гӯйанд рӯй хеш намоем батон ба хоб
Моро бад-ӣни баҳона чаҳ хуш хоб ме диҳанд
Он холҳои сӯхта аз тобиши рахт
Бар оташи ду гӯнаи маро тоб ме диҳанд
Гуҳ зулф афкананд ба рухи гуҳ бар афкананд
Моро фиреб дар шаб маҳтоб ме диҳанд
Гуфтанд шоҳидии зи гадоёни ин дар аст
Ин салтанат бибин ки дар ин боб ме диҳанд