Бо не шукр бигӯ ки ннозд ба қанди хеш
Гар боядаш лаби ту бар ояд зи банди хеш
Моро ба дард мо бигзор эй табиби дард
Хуш хотирем мо зи дили дардманди хеш
Зоҳиди ту рости сояи тӯбоу боғи хулд
Моу канори обӣу сарви баланди хеш
Дилро халос нест зи занҷири зулфи ту
Оҳ ар кунӣ ба гардани ҷони ҳам каманди хеш
Шуд хоки роҳи ту сари пари шавқи шоҳидӣ
Гуҳ гуҳ битоз бар сари хокаши саманди хеш