Ба фикри сари даҳонат чу ғунчаам дили танг

Кушод кор биҷӯем аз он лаби гули ранг

зи қилу қоли мадорис чу парда Эй нагушӯд

Шинави ҳикояти сӯзи даруни зи риштаи чанг

Сафои каъбаи мақсӯд чун тавонам ёфт

Ба роҳи дард ба бори гарону мураккаби ланг

Чигуна ҷони бабради шоҳидӣ аз ин гирдоб

Дилаш чу моҳӣу ишқи ту дар пеш чу наҳанг