Бар хоки раҳати мо сар таслим ниҳодем
Дар ишқи қадам аз раҳ таълим ниҳодем
Дар авҷи шарафи рост чу шакл алиф омад
Аз қади ту шаклӣ ки ба тақвим ниҳодем
Дар ишқи ту мо аз сару ҷон ҷумла гузаштем
Сар дар раҳи ишқи ту на аз бим ниҳодем
Зоҳид ба раҳ зуҳд кашад дил ба харобот
Мо аз дили худ зуҳд ба як ним ниҳодем
Ҷузи дафтари ҳасан ту нахонем бар устод
То рӯ ба раҳи мактаб таълим ниҳодем
Бо шоҳидии устод азал гуфт ки хуш бош
Арзоқи хилоиқ чу бтқсим ниҳодем