Сарви моро ҳар замон дил мекашад сӯй дигар
Чун гули раъно ки дорад ҳар тараф рӯй дигар
Ҳар ки дорад рӯй дил дар қиблаи дидор ӯ
Саҳв бошад саҷда дар миҳроби абрӯӣ дигар
Дар тариқи дӯстӣ , собити қадам чун хок бош
Чун сабо то чанд ҳар дам бар сари кӯй дигар
Ҷони бемори марои тоб шикебе намонад
эй табиб , ар оқилӣ , ҷузи сабри доруӣ дигар
Панд гуё , беш аз инам дар саф тоъат махон
Зишт бошад рӯй дар миҳробу дили сӯй дигар
Мавсими наврӯз ва ман дар кунҷи танҳои асир
Ҳар касе дар сояи сарву лаби ҷӯй дигар
Гар дили шоҳӣ ба дашномӣ биҷӯе давр нест
Зон ки ҳамчун ӯ наме байнами дуъогӯӣ дигар