На кунҷи васл таманно кунам на ганҷи ҳузур

Хушам ба хории ҳиҷру нигоҳи дўродўр

Ба гирди кӯии ту гаштани ҳалоки ҷон ман аст

Чу пар гушӯдани парвона дар ҳаволии нур

Танам чу мӯӣ шуда , зарду зору нолонам

зи тоби ҳодиса , ҳамчун ба ришами тнбўр

Ба саъии пеши ту қадре наёфтам , чаҳ кунам

Ки шармсорам аз ин гуфту гӯии номақдӯр

Сурӯши ғайб ба шоҳӣ хитоб кард маро

Ба бандагии ту дар шаҳр то шудам машҳур