Дар ин гулшан чаҳ созад булбул аз зорӣу фарёдаш
Чу сӯии ошиқон майлӣ надорад сарви озодаш
Хушаст ин боғи рангин , лек натавон дил дар ӯ бастан
Ки буи ошноӣ нест дар насрину шамшодаш
Чунин кони ғамзаро таълим шухӣ медиҳад чашмат
Бигӯ : оташ ба олами зан , ки устодаст устодаш
Агар маҷнӯн ба дарду доғ ишқ афтод як чанде
Вале дар ошиқии ҳаргизи чунин корӣ науфтодаш
Гар оби чашму оҳи оташинӣ буд шоҳӣ ро
Кунун хокаст ва дар кӯии ту ҳрсў май баради бодаш