Талхаст бе ту сабр , дил ғам фузуда ро
Натавон чашид доруии ноозмуда ро
эй нола ҳамдамӣ кун ва аз оби чашми ман
Бедори сози дидаи бахти ғунуда ро
Дил шуд рамидаи сари зулфи ту , вази каманд
Натавон ба кӯй ақл кашид он рабӯда ро
Бо боғбон магӯ ки дили ғунча хӯн чарост
Хондан наме тавон варақи ногушӯда ро
Машшотаи зулфи ёр ба ангушт ме кашад
Зон рӯ ки нисбатӣ ба қалам ҳаст дӯда ро
Ногуфта аз даҳони ту рамзии марои макаш
Натавон қисос кард гуноҳи набӯда ро
Шоҳии хаёл хос бигӯ аз даҳони дӯст
Чун нест лиззатии суханони шунӯда ро