То хати ту бартараф ма оварад шабихун
Аз дида равонаст ба ҳар ним шабии хӯн
Хаттӣаст ба хӯни гули сероби навишта
Он сабзаи нави руста бар он оризи гулгун
Сангӣ ки задӣ бар сари мо биҷҳтӣ нест
Лайлӣ ба такаллуф шаканд косаи маҷнӯн
Чндонкаҳ задам гиря бар ин шуълаи ҷонсӯз
Сокин нашуд оташи зи дарун , оби зи берун
Шоҳӣ , ба ҳаводории он наргиси пурхоб
Бигузашт ҳамаи умр ба афсонау афсун