эй дар даруни хастаи нишони хаданги ту
Ҷонами ҷароҳат аз мижаи тези чанги ту
Гар лутф май намое вагар теғ май занӣ
Гардан ниҳодаам чу асирон ба ҷанги ту
Мо худ фитодаем , зи мо брмдори дил
эй хоксор гашта сари мо ба санги ту
эй тозаи гул ки рашк баҳораст оризат
Холӣ мабод ин чаман аз обу ранги ту
Шоҳӣ , зи нанг буд ки науммат набарди ёр
Оре , ҳиҷоби роҳ ту шуд ному нанги ту