Дилам гар дошт вақте хуррамӣ ҳо
Чу ишқ омад гузашти он беғамӣ ҳо
Хазони ғам кунун тороҷ фармуд
зи гулзори умедами хуррамӣ ҳо
Шаб ҳиҷрам фиканд аз ҳамдамони давр
Хушо субҳи висолу ҳамдамӣ ҳо
Маи наврогар абрӯии ту гуфтем
Карамҳо аз ту ва аз мо камӣ ҳо
Аз он дар шоҳии дармондаи маҳрӯм
Рақибонро бар он дар муҳаррамӣ ҳо