Дило то завқи ҳиҷрон дар наёбӣ
зи боғи васли ҷонон бар наёбӣ
Агар дар роҳи ҷонон ҷон бибозӣ
Таманнои дил аз дилбар наёбӣ
Брғми ман макаш бар дигарон теғ
Ки чун ман куштанӣ дигар наёбӣ
Ҳаваси дорӣ чу шамъи ин сӯз , лекин
Гар ин сарриштаи ёбӣ , сар наёбӣ
Мтоб аз кӯии ҷонон рӯй , шоҳӣ
Агар ёбии Муродӣ вар наёбӣ