Агар зулфи ту хам дар хам набӯдӣ

Марои ҳоли ин чунин дар ҳам набӯдӣ

Ғамӣ дорам зи зулфати ёдгорӣ

Бало будӣ агар ин ҳам набӯдӣ

Куҷо рафт онкӣ дар хлўтгаҳи роз

Ба ҷузи мо ва ту кас муҳаррам набӯдӣ

Ғам аз ҷавр рақибонаст дар ишқ

Агар аз ёр будӣ , ғам набӯдӣ

Раҳои ҷустӣ аз банди ту шоҳӣ

Баннои ишқ агар муҳкам набӯдӣ