Аз сабзаи раънои хаттӣ бар рӯй гулгун май кашӣ

Ҷонро ба занҷири бало дар вартаи хӯн май кашӣ

То ақл девона шавад , анбар бар оташ ме наҳй

ё худ ба болои шукри хати баҳри афсун май кашӣ ?

эй дил чу ошиқ гаштае , нола макун аз оҳи худ

Зин пеш мегуфтам туро , инҳо ки акнӯн май кашӣ

Дар даври ту бар мардумон ҷавраст , вар на аз чаҳ рӯ

Хӯнӣ ки аз дил хӯрдаам аз дидаи берун май кашӣ ?

Дар зулф ӯ печидаи байни дилҳои муштоқони басӣ

Бемории охир эй сабо , ин борҳо чун май кашӣ ?

Шоҳӣ фурӯзон мешавад шамъи завоёии фалак

Зини шуълаҳо каз сӯзи дили шабҳо ба гардун май кашӣ