То хоки остонаи ҷонони мақоми мост
Дар базми айши ҷуръаи роҳат ба ҷоми мост
Гуфтӣ : фалон ба кӯии ман аз хок камтар аст
Ин ҳам чу бенгарӣ сабаби эҳтироми мост
Зоҳид ҳаром гуфт май лаълро , балӣ
Мо зоирему майкадаи байтулҳаром мост
То бар дараш ба хок мазаллат нишаста ем
Султони чори болаши гардуни ғуломи мост
Рӯй чу зар ба хок дараш то ниҳода ем
Дар малики ишқи сиккаи шоҳӣ ба номи мост