Касе каши меҳри хубон кор бошад

Дилаш бо дарду меҳнат ёр бошад

Ҳадиси ошиқӣ , вонгаҳи ғами кор

Хирад донад ки давр аз кор бошад

Тани зорами макаш зон турра , эй бод

Ки мӯе дар расан бисёр бошад

Ман аз вай бар нахурдам , ёрб он сарв

зи шохи умр бархӯрдор бошад

Ба расвоӣ илм бурдор , шоҳӣ

Ки сабру ошиқӣ душвор бошад