Ёр бо мо чунонкӣ буд , намонад

Маи ман меҳрбон ки буд , намонад

Дил бар он ошно ки буд , бирафт

Сар бар он остон ки буд , намонад

Лутф ҳар дам ки менамӯд , гузашт

Пурсиш ҳар замон ки буд , намонад

Ҳар дамаши сӯии ман бгўшаҳи чашм

Ишваҳои ниҳон ки буд , намонад

Чаҳ дар он кӯии мондае , шоҳӣ

Ёр чун бар ҳамон ки буд , намонад