То бар гули ту ҷаъди гиреҳи гир баста анд
Дар гарданами зи зулфи ту занҷир баста анд
Аз тангнои ишқи ту ҷустани раҳи халос
Мушкили тавон , ки рахнаи тадбир баста анд
Қавмӣ ки медиҳанд нишон аз ту , ғофиланд
Коҳили вуқуфро дами тақрир баста анд
Ман баъд , моу нолау фарёд чун ҷарас
Зин ҳамРаҳон ки бор ба шабгир баста анд
Шоҳӣ ба доми зулфи ту зон рӯ асир монад
Каши дасту по ба риштаи тақдир баста анд