Умрии даҳони танги туам дар хаёл буд

Ҷони рамидаро ҳамаи фикри маҳол буд

Рафт онкӣ дар масоили ишқу румузи шавқ

зи абрӯу ғамза бо ту ҷавобу савол буд

Гуфтам : расад миёни туами боз дар канор

Гуфто : бирав ки ончӣ ту дидӣ хаёл буд

Шарм оядам ки саҷдаи баради пеши пои кас

Он сар ки солҳо барраати поймол буд

Ошуфта рафт гуфта шоҳӣ дар ин ғазал

Оре , бФкри зулфи ту шӯридаи ҳол буд