Дил чу султони малик ҷон гардад
Подшоҳи ҳама ҷаҳон гардад
Чун з чунӣ расад ба бе чунӣ
Молики малик ломакон гардад
Дили зи сӯрат чу рӯ ба маънӣ кард
Бе нишонаши ҳама нишон гардад
Гирд бар гирди нуқтаи ваҳдат
Ҳамчуи паргори хат кашон гардад
Аввали хешро чу бишносад
Меҳдии охир алзмон гирд
Чун тилисмаш шикаста шуд ба дуруст
Ганҷи пинҳон бар ӯ аён гардад
Нақди дили қалб аз онаш ме хонанд
Ки мулаққаб ба ин ва он гардад
Гоҳ бошад муҷовири каъба
Гоҳи маст дар Муғон гардад
Арши аъзам диласт ва он дили мост
Ба далели ин сухан баён гардад
Ҳар ки шуд ғарқаи андари ин дарё
Қатрааш баҳр бекарон гардад
Чун з ҳастӣ худ шавад фонӣ
Боқии малик ҷовдон гардад
Ҳар ки дилро шинохт дар ду ҷаҳон
Фориғ аз суд ва аз зиён гардад
Лӣси фии ?илдори ғайраи диёр
Ин чунин кун агар чунон гардад
Сухани дил з гуфта Сайид
Мӯниси ҷон ошиқон гардад