Ҳарчӣ мақсӯд туаст он гардад
Ҳарчӣ гўӣии чунин чунон гардад
Офтоб ар чаҳ шаб ниҳон гардад
Рӯзи равшан чу шуд аён гардад
Дорам умеди онкӣ ҳар гӯша
Мأмни ҷумла муъминон гардад
Ҳар фақирӣ тавонгарӣ ёбад
Пер аз давлаташ ҷавон гардад
Ҳамчуи ман ринди маст кӣ ёбад
Гарчи гирди ҷаҳон равон гардад
Рад нагардад ба ҳеҷ рӯи ҳаргиз
Ҳаркии мақбул мқблон гардад
Бош эмин ки мо раҳо накунем
Ҳаркии ҳамроҳ орифон гардад
Ҳар маъонӣ ки хотират хоҳад
Он маъонӣ ба ту баён гардад
Ёри мо дӯстдори оли расӯл
Сарвари ҷумла ошиқон гардад
Ҳар ки ёбад хабари зи ҳоли вуҷӯд
Воқиф аз ҳол ҳамгинон гардад
Навбаҳораст манъ натавон кард
Булбул ар гирд гулистон гардад
Ҳамаи каси дӯстдор худ созад
Фориғ аз ҷумла душманон гардад
Мутамаккин нишаста бо ёрон
На равони гирди ин ва он гардад
Орифии кӯ ба модаади дил ро
Ҷони мо дар пеш равон гардад
Дар ҷаҳон ҳар ки неъмат аллоҳ ёфт
Сарвари ҷумла ҷаҳон гардад