Ринди мастӣ ки гирд мо гардад

Гар гдоӣист подшо гардад

Ҳарки бо ҷом май буд ҳамдам

Кӣ зи ҳамдами дамӣ ҷудо гардад

Хуши Аминӣ буд ки ҳамчун мо

Муҳаррами роз кибриё гардад

Ба яқин ҳар ки хеш бишносад

Орифи ҳазрат худо гардад

Бе шаккии ҷуз яке нахоҳад дид

Дидагар гирди ду саро гардад

Ҳар ки бо мо нишаст дар дарё

Воқиф аз ҳолу завқ мо гардад

Бори ағёри борҳои бикашад

Аз дар ёр ҳар ки во гардад

Дард дардаш бануш ва хуш ме бош

Ки туро дарди дил даво гардад

Бар дар ӯ касе ки ёбад бор

Бар дар ғайр ӯ куҷои гирд

Лиззати мо ба завқ дарёбад

Ҳар ки дар ишқ мубтало гардад

Онкии бино буд Асо чаҳ кунад

Кӯр бошад ки бо Асо гардад

Ҳар ки гардад ба гирди майхона

Бигзораш мудом то гардад

Ишқи боқӣ ва мо ба ӯ боқӣ

Кӣ бқоӣии чунин фано гардад

Шавад аз ғайри ишқи бегона

Онкӣ бо ишқ ошно гардад

Ҳар киро Сайидаш буд хоҷа

Бандаи дайгарӣ чаро гардад