Солҳо дар сафар ба сар гаштем

Ошиқона ба баҳр ва бар гаштем

То бубинеми нури дидаи худ

Пой то сари ҳама назар гаштем

Гирд бар гирди нуқтаи ваҳдат

Ҳамчуи паргори пай сипар гаштем

Ошиқу масту лоуболии вор

Дар паии дӯст дар ба дар гаштем

Зоҳиру ботини ҷаҳони дидем

Маънии хос ҳар сувар гаштем

Бе хабари толиби ҳаме будем

То ки аз хеш бохабар гаштем

Ёри мо буд айни мо ба яқин

Мо бад-ӣни маърифат смр гаштем

ӯ шукр буду ҷони ман чун гул

Мо ба ҳам ҳамчу глшкр гаштем

Офтоби ҷамол ӯ дидем

Бози тобанда чун қамар гаштем

Куштагони балои ғам будем

Зиндау шодмон дигар гаштем

По ниҳодем бар сари кунин

Дар ҳамаи ҳол муътабар гаштем

Ғарқаи андари муҳӣти ишқи шудем

Восили махзан гуҳар гаштем

Неъмати аллоҳро аёни дидем

Айни тавҳидро басар гаштем