Боязидаст ҷон ва ҳам ҷонони дил

Боязидаст сарвару султони дил

Боязидаст пешвои аҳли дил

Боязидаст муқтадои ҷони дил

Боязидаст кошифи асрори ғайб

Боязидаст воқифи субҳони дил

Боязидаст қоили қавли балӣ

Боязидаст ҳофизи қуръони дил

Бояздаст офтоби чарху ҷон

Боязидаст нуқтаи даврони дил

Боязидаст гавҳари баҳри муҳӣт

Боязидаст ҷавҳари арқони дил

Боязидаст боязидаст боязид

Сайиди иқлӣми ҳафт айвони дил