Ҷом гетӣ намост яъне дил
Мазҳар кибриёст яъне дил
Дардмандасту дард май нӯшад
Дард дардаш давост яъне дил
Дили назари гоҳи ҳазрат ишқ аст
Мисли ӯ худ куҷост яъне дил
Хилвати дили сарой султон аст
Фориғ аз ду сарост яъне дил
Ганҷу ганҷинаи тилисми нигар
Ҷомеъ интиҳост яъне дил
Дар вилоят вале комил ӯст
Рӯзу шаб бо худост яъне дил
Неъмати аллоҳ ба завқ ме гуяд
Ҷону ҷонони мост яъне дил