Ҳосили мо диласту ҳосили дил
Дард ишқаст бингар ин ҳосил
Дарди ишқаш баён кунам чаҳ буд
Мушкили ҳалу ҳал ҳар мушкил
Гӯшаи дил сарой ӯст вале
Ишқ лохорҷасту лодохл
Оқибати бозгашти ҷумла ба мост
Булъаҷаби ҳақ ба ҳақ шавад восил
Баҳри ишқаш ба мо чу мавҷӣ зад
Ҳам з мо шуд ҳиҷоби мо ҳоил
Ҷисму ҷонро ба ҷузв ва кул бисипор
Бесару по дар о ба хилвати дил
Шоҳбозӣ на булбули гулзор
Рӯҳи маҳзӣ чаҳ мекунӣ гулу гул
Ишқ ӯ гавҳари хазонаи мост
Маънии дарёу сӯратами соҳил
То ки Сайиди зи худ канорӣ кард
Дар миён нест ҷузи худои қоил