Чун баромад аз дили ҷоми офтоб

Назд мо ҳар ду яке барфасту об

Асл гул обасту фаръи оби гул

Аслу фаръаши дӯстдорам чун гулоб

Чашми мо равшан буд аз нур ӯ

Дар назар дорам аз он рӯи офтоб

Чун ҳиҷоб ӯ намедонам ҷуз ӯ

Рӯзу шаб май байнам ӯро бе ҳиҷоб

Ҳарфӣ аз асрори ҷади мо буд

Маънӣ маҷмӯъаам алкитоб

Чун ним ҳушёр бигузар аз серум

Чун надорам ақл бигзор эҳтисоб

Неъмати аллоҳ дар хароботаши талаб

Ҳамдами ҷом майу масти вхроб