Шукр гӯям ки бози сари мастам

Тавба кардам ва лек бишикастам

Аз сари коинот хостаҳ ам

Бар дар мефуруш бинишастам

Зиндаи ҷовдон аз он гаштам

Ки ба худ нестам ба ӯ ҳастам

То ки фонӣ шудам , шудам боқӣ

Қатра будам ба баҳри пайвастам

Сар ба поиш ниҳодаам сари маст

Ба умедӣ ки гирад ӯ дастам

Дар назари нур ӯ ба ман бинмуд

Ҳар хаёлӣ ки нақш ӯ бастам

Неъмати аллоҳи ҳариф ва ӯ соқӣ

Сайиди ошиқони сармастам