Ҳамдамигар талаб кунӣ як дам
Бош бо ҷом май дамии ҳамдам
Ганҷу ганҷинаи худовандӣ
Талабаш кун зи ҳазрати одам
Гар касе ҷам надид ҷомаш дид
Мо надидем ҷомро бе ҷам
Дардмандему дард ӯ дармон
Дили мо ришу захм ӯ марҳам
Ҷом меро бигиру хуш май нӯш
Ки буд завқи ин ва он бо ҳам
Мазҳари исми аъзами аўӣим
Ғайр мо кист соҳиби аъзам
Ин ва он дар ҷаҳон фаровонанд
Неъмати аллоҳ якеаст дар олам