Ғарқаи об ва об ме ҷӯям

Дар таҳайюр ки баҳр ё ҷӯям

Ин аҷаби байн ки ошиқи хешам

Айни матлӯб ва толиб ӯем

Пери хуморам ва ба ҷуръа май

Хирқаи худ мудом ме шавем

Дар хароботи ишқи масту хароб

Сухан ошиқона ме гӯям

Омадами маст бар сари майдон

Ишқи чавгон ва олимӣ гӯям

Булбули гулистони маъшӯқам

Гули гулзор ишқ ме бӯем

Неъмати аллоҳ ҳақаст аз он шабу рӯз

Ман ҳақи хештан аз ӯ ҷӯям