Бо сари зулфи бутии боз дар афтод дилам

Лоҷарам чун сари зулфаш ба сар афтод дилам

Маҷмаъи аҳли дилони зулф парешон вайаст

Макунам айби дарин ҷамъ гар афтод дилам

Чаҳ кунам маҷлис ишқасту ҳарифони сармаст

Хотирам ёфт чунин базм ва дар афтод дилам

Дӯши дилдор карам кард диламро бнўохт

Бози имрӯз дар он раҳгузар афтод дилам

Нозир ӯему манзури ман андар назар аст

Нур чашмаст ки равшан назар афтод дилам

Пардаи дил ки ҳиҷоби дилу дилдорам буд

Хуш бар афтод аз он рӯ ки бар афтод дилам

Сайиди мо хабарӣ гуфт зи ҳоли дили хеш

Зон хабар маст шуд ва бехабар афтод дилам