Ҷону дили эсор ҷонон карда ем

Умру сар дар кор эшон карда ем

Ҷон фидо кардем дар майдони ишқ

Ин карам чун шермардон карда ем

Ҷуръа майро ба олам дода ем

Қимат май нек арзон карда ем

Ҷамъ бинишастем дар гулзори ишқ

Сунбули зулфӣ парешон карда ем

Аз барои ганҷи ишқаши кунҷи дил

Чун сарои хеш вайрон карда ем

Аз сари завқи ин суханро гуфта ем

Завқ дар олам фаровон карда ем

Неъмати аллоҳро ба базм оварда ем

Даъватӣ аз баҳр меҳмон карда ем