Мо илми ишқ бар варақи ҷон навишта ем
Хондем ин китоб ва дигар ҳам навишта ем
Бо мо магӯ сухани зи вуҷӯду адам ки мо
Умрӣаст каз вуҷӯду адам даргузашта ем
Мо раҳравони кӯй харобот ваҳдатем
Риндонаи гирд ҳар дар майхона гашта ем
Одами биҳишти ҳашт биҳишт аз барои дӯст
Мо аз барои дӯсти ду олам биҳишта ем
Ин ҳарфи хуби сӯрат ва он нақш пурнигор
Бар лавҳи коинот ба завқаш навишта ем
Тухми муҳаббатӣ ки буд мивааш лақо
Дар ҷӯйбори дидаи мо ҷӯ ки кушта ем
Мо бандаем Сайиди худро ба ҷону дил
Султони инсу ҷину амир ва фиришта ем