Мастем ва харобем ва гирифтор фалонем

Сари ҳалқаи риндон харобот ҷаҳонем

Имон ба ҷуз аз куфри сар зулф надорем

Ҷузи маърифати ишқ дигар илм ндонем

Мо пер харобот ҷаҳонему лекин

Дар ошиқӣу бодаи хурӣ ринд харобем

Гӯ халқ бидонанд ки мо ошиқ ва мастем

Гӯ фош бигӯянд ки бар худ нигаронем

Мо нур қадимем ки пайдо ба ҳудусем

Мо ганҷ вуҷӯдем ки аз дида ниҳонем

Беақл тавонем ки умрӣ ба сари орем

Беҷом май ишқ замонӣ натавонем

Сайиди зи сари завқ сухан гуяд ва хонд

Ҳар қавл ки аз завқ бигӯянд бихонем