Мо соқии сармаст харобот ҷаҳонем
Султони саропарда майхона ҷонем
Мо об ҳаётем ки аз ҷӯй вуҷӯдем
Мо гавҳар рӯҳем ки дар ҷисм равонем
Ҷомем ва шаробем ба маънӣ ва ба сӯрат
Ганҷем ва тилисмему ҳувайдо ва ниҳонем
Ин ҳирфа ки маъшӯқи худ ва ошиқ хешем
Ҳар чиз ки мо толиб онем ҳамонем
Гарчи нигаронанд ба мо халқи ҷаҳонӣ
Дар оинаи хеш ба худ мо нигаронем
Безуҳд тавонем ки умрӣ ба сари орем
Беҷом май ишқ замонӣ натавонем
Овозаи дарафтод ки мо маст харобем
Валлоҳ ба сари Сайиди олам ки чунонем