Аз мо канора кардӣ мо бо ту дармиёнем
Бо мо ту ин чунинӣ , мо бо ту ончунонем
Рӯзи аласт бо ту аҳд дуруст бастем
Нашикастаем , ҷовиди собит қадам баронем
Нақши хаёли ғайрат дар дидагар намояд
Ғайрат куҷо гузорад аз дида аш баронем
Риндӣ агар биёбем бӯсем дасту поиш
Вари зоҳидии бубинем дар маҷлисаш намонем
Бархестан тавонем мастона аз сари сар
Аммо дамии нишастан бету наме тавонем
Ойина мунирем равшан ба нури рӯят
Ҷом ҷамем доим дар базм шаҳ равонем
Риндона дар хароботи пайваста дар тавофем
Ҷузи қавли неъмати аллоҳи шеърӣ дигар нахонем