Фориғем аз малик олам фориғем

Ҷом менӯшем ва аз ҷам фориғем

Дар хароботи Муғон бо ошиқон

Хуш нишаста шод ва хуррам фориғем

Ҷузи ҳадиси ишқ ӯ бо мо магӯ

Зон ки мо аз ин ва он ҳам фориғем

Исми аъзам хондаем аз лавҳи дил

Аз ҳуруфи исм аъзам фориғем

Ҳамдам ҷомем ва бо соқии ҳариф

Ғайр аз ин ҳамдами з ҳамдам фориғем

Неъмат аллоҳ додаанд моро тамом

Фориғем аз беш ва аз кам фориғем